Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2026, № 534 "Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Маркази миллии ҳисоббаробарӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Маркази миллии ҳисоббаробарӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Маркази миллии ҳисоббаробарӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ маъқул дониста шавад.

2.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои табодулии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни онҳо тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли ба имзо расонидани ёддоштҳои табодулии мазкурро мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 июли соли 2026, № 534

(тарҷумаи корӣ)


Ба Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор,
вазири молияи Ҷумҳурии
...

Правительство Республики Таджикистан  

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проектах обменных нот между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о проведении технико-экономического обоснования проекта Национального вычислительного центра на базе искусственного интеллекта

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект обменных нот между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о проведении технико-экономического обоснования проекта Национального вычислительного центра на базе искусственного интеллекта.

2. Министру финансов Республики Таджикистан подписать настоящие обменные ноты от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в их текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящих обменных нот.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 30 июля 2026 года № 534
Господину
Каххорзода Файзиддину
Министру финансов
Республики Таджикистан
...