Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2026, № 508 "Дар бораи истеҳсоли орди ғанигардонидашудаи навъҳои олӣ ва якум бо мақсади беҳтар кардани солимии аҳолӣ ва пешгирии норасоии микронутриентҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи истеҳсоли орди ғанигардонидашудаи навъҳои олӣ ва якум бо мақсади беҳтар кардани солимии аҳолӣ ва пешгирии норасоии микронутриентҳо


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 сентябри соли 2026 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон орди гандуми навъҳои олӣ ва якум барои фурӯш дар бозори дохилӣ танҳо дар шакли ғанигардонидашуда бо иловаи витамину минералҳо (оҳан, руҳ, витаминҳои В9 ва В12) истеҳсол карда шавад.

2. Истеҳсол ва фурӯши орди гандумии ғанигардониданашудаи навъҳои олӣ ва якум дар асоси шартномаҳои баимзорасонидашуда танҳо барои содирот ба роҳ монда шавад.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи тартиби муқарраргардида назорати давлатии санитарию беҳдоштии истеҳсол, воридот ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таъмин намояд;

- амалигардонии тадбирҳоро оид ба таъмини аҳолӣ бо микронутриентҳо (витамини А, кислотаи фолат ва оҳан) ба роҳ монад;

- тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии норасоии микронутриентҳо дар миёни аҳолӣ роҳандозӣ намояд;

- мунтазам арзёбии самаранокии тадбирҳои пешгирии норасоии микронутриентҳоро ташкил намояд.

4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;

- ҷиҳати харид ва воридоти саривақтии омехтаҳои витаминӣ, витаминӣ-минералӣ ва молҳои дигари зарурӣ барои ғанигардонии орди гандумии навъҳои олӣ ва якум чораҳои мушаххас андешад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О производстве обогащённой муки высшего и первого сортов в целях улучшения здоровья населения и профилактики дефицита микронутриентов

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 сентября 2026 года на территории Республики Таджикистан пшеничную муку высшего и первого сортов для реализации на внутреннем рынке производить только в обогащённой форме с добавлением витаминов и минералов (железо, цинк, витамины B9 и B12).

2. Производство и продажу необогащённой пшеничной муки высшего и первого сортов на основании заключённых договоров осуществлять исключительно для целей экспорта.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- в установленным порядке обеспечить государственный санитарно-гигиенический контроль производства, импорта и продажи обогащённой пшеничной муки высшего и первого сортов;

- реализовать меры по обеспечению населения микронутриентами (витамин А, фолиевая кислота и железо);

- наладить посредством средств массовой информации информационно-разъяснительную работу среди населения по профилактике дефицита микронутриентов;

- регулярно организовывать оценку эффективности мероприятий по профилактике дефицита микронутриентов.

4. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан:

- взять под постоянный контроль деятельность мукомольных предприятий и предприятий по реализации обогащённой муки высшего и первого сортов;

- принять конкретные меры по своевременной закупке и ввозу витаминных и витаминно-минеральных смесей, а также других необходимых товаров для обогащения пшеничной муки высшего и первого сортов;

- представлять аналитические и информационные материалы о реализации мероприятий, связанных с потреблением и внедрением обогащённых пищевых продуктов.

...