ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Маккаи Мукаррамаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкории мақомоти зиддикоррупсионӣ
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Маккаи Мукаррамаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкории мақомоти зиддикоррупсионӣ, ки 27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Давҳа қабул гардидааст, ҳамроҳ шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаи Конвенсияи мазкурро дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия огоҳ созад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 июни соли 2026, № 1188
...