ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶЇ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 июни соли 2026, № 478
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 июни соли 2026, № 478
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2026, № 181
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2026, № 181
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Дар қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №1, мод. 3, №5, мод. 276; с. 2025, №11-12, мод. 893) калимаи «хонаҳои» ба калимаи «манзили» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «ворисони қонунӣ» калимаҳои «ё ба даст овардани биною манзили истиқоматӣ дар ҳудуде, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» илова карда шаванд.
...