Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, № 1184 "Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:

1.Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.

2.Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 15 июни соли 2026, № 1184



...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Международной премии Президента Республики Таджикистан в области воды

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, с целью поощрения и признания высокого уровня за значительный вклад в развитии международного сотрудничества, исследований, устойчивой политики, а также решение глобальных водных проблем и изменения климата, п о с т а н о в л я ю:

1.Учредить Международную премию Президента Республики Таджикистан в области воды.

2.Финансирование Международной премии Президента Республики Таджикистан в области воды осуществлять за счёт средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством.

3.Правительству Республики Таджикистан в двухмесячный срок разработать и утвердить положение и состав Комиссии Международной премии Президента Республики Таджикистан в области воды.

Президент
Республики Таджикистан                      Эмомали Рахмон


г. Душанбе 15 июня 2026 года №1184


...