Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2026, № 1183 "Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030


Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», бо мақсади ба даст овардани маълумот оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҷараёнҳои демографӣ фармон медиҳам:

1.Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2.Ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст, нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3.Бо мақсади ташкил ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2030 ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ба таври шартномавӣ кормандонро ҷалб намояд, аз он ҷумла дар:

-дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 воҳид аз 1 июли соли 2026 то 31 декабри соли 2033;

-сарраёсатҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 22 воҳид аз 1 январи соли 2027 то 31 декабри соли 2032;

-раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 108 воҳид аз 1 июли соли 2027 то 31 декабри соли 2031.

4.Хароҷоти нигоҳдории шумораи кормандони мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷудогардида пардохт карда шавад.

5.Барои сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил намудану гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2030 ва зиёд кардани андозаи музди миёнаи кормандони ҷалбгардида нисбат ба басти вазифавии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 маротиба пешбинӣ карда шавад.

6.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳо оид ба тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2033 ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намояд.

7.Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти давлатии омор барои босифат ва сари вақт гузаронидани чорабинии мазкур ёрии ҳаматарафаи амалӣ расонанд.


...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О подготовке и проведении переписи населения и жилищного фонда Республики Таджикистан в 2030 году

В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан «О переписи населения», в целях получения данных о численности и размещения населения на территории Республики Таджикистан для разработки государственных прогнозов, концепций, стратегий и программ социально-экономического развития республики и демографических процессов, п о с т а н о в л я ю:

1. Провести перепись населения и жилищного фонда с 1 по 31 октября 2030 года на территории Республики Таджикистан.

2. Организацию подготовки, проведения, обработки, подведения итогов, публикацию переписи населения и жилищного фонда возложить на Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан.

3. В целях организации и проведения переписи населения и жилищного фонда в 2030 году разрешить Агентству по статистике при Президенте Республики Таджикистан привлечь работников на договорной основе, в том числе в:

- центральный аппарат Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан 13 единиц с 1 июля 2026 года по 31 декабря 2033 года;

- главные управления Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе 22 единицы с 1 января 2027 года по 31 декабря 2032 года;

- управления, отделы и сектора статистики городов и районов республики 108 единиц с 1 июля 2027 года по 31 декабря 2031 года.

4. Оплату расходов на содержание указанных работников произвести за счёт средств, выделенных на проведение переписи населения и жилищного фонда.

5. Для своевременной организации и проведения на высоком уровне переписи населения и жилищного фонда в 2030 году предусмотреть увеличение размера средней заработной платы привлечённых сотрудников в 1,5 раза по сравнению с должностными окладами штатных работников Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.

6.Министерству финансов Республики Таджикистан на основании представления Агентством по статистике при Президенте Республики Таджикистан осуществлять финансирование работ по подготовке, проведению, подведению итогов и публикации результатов переписи населения и жилищного фонда Республики Таджикистан 2030 года за счет средств государственного бюджета на 2026-2033 годы и грантов международных организаций.

7. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти оказывать всестороннюю практическую помощь органам государственной статистики для обеспечения качественного и своевременного проведения данного мероприятия.

Президент
Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон
...