ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ маъқул дониста шавад.
2.Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Гурҷистон сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 18 июни соли 2026, № 388
Лоиҳа
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
...