Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030 аз 28 майи соли 2026, № 315

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 майи соли 2026, № 315 

Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030 (минбаъд – Барнома) ҳуҷҷати стратегии миёнамуҳлат мебошад, ки афзалиятҳо, ҳадафҳои маъмурикунонии андозро муайян намуда, ба баланд бардоштани самаранокӣ, таъсирбахшӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

2. Барнома ба таҳкими устувории молияи давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сода ва сабук намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва ташкили табодули байниидоравии маълумот мусоидат менамояд.

2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ

3. Бо мақсади содагардонии расмиёти маъмурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, ташкили табодули маълумот байни вазорату идораҳо, кам кардани таъсири омили инсонӣ, рақамикунонии соҳа ва бо дарназардошти давра ба давра васеъ шудани имкониятҳои техникии мақомоти андоз, пурратар гардидани махзани маълумот, зиёд шудани модулҳо ва хизматрасониҳои электронӣ, 50 адад модулҳои барномавӣ дар як низоми иттилоотии андоз муттаҳид ва ҳамгироӣ карда шуданд.

4. Модулҳои барномаҳои компютерӣ ва хизматраосниҳои давлатӣ дар шакли электронӣ асосан барои бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирӣ ва пардохти андозҳо, идоракунии хавфҳо ва назорати андозӣ, маъмурикунонии андозҳо (аз ҷумла маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда), мукотибот (муроҷиат) бо андозсупорандагон, идоракунии қарзи андозҳо ва таҳлили маълумот истифода мешаванд.

5. Айни замон амалҳои бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), баҳисобгирии электронии андозсупорандагон ва ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.

6. Яке аз механизмҳои истифодаи сода ва бароҳати хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ҷорӣ намудани замимаҳои мобилӣ мебошад. Бинобар ин барои шахсони воқеӣ замимаи мобилии «Андози ман» ҷорӣ карда шуд, ки як қатор хизматрасониҳои давлатиро дар шакли электронӣ, аз ҷумла бақайдгирӣ ба сифати соҳибкорӣ инфиродӣ, шартномаи иҷора, ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз молу мулқи ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, пешниҳоди ҳисоботи андозӣ, тартиб додани санади муқоисавӣ, калкулятори андоз, тақвими андоз ва хизматрасониҳои дигар пешниҳод менамояд.

7. Тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод гардидани эъломияҳои андоз аз соли 2013 оғоз гардида, бо дарназардошти рушди рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ тартиби мазкур сода гардонида шуд, истифодабарандагони чунин хизматарсонҳо давра ба давра зиёд шуда, айни замон ҳамаи шаклҳои эъломияҳои андоз дар шакли элеткронӣ пешниҳод шуда истодаанд. То инҷониб бештар аз 250,0 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломия ва ҳисоботҳои худро тариқи электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд, ки 98,0 дарсади шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳанд.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «28» мая 2026 года, №315

Программа развития налогового администрирования на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития налогового администрирования на 2026-2030 годы (далее - Программа) является среднесрочным стратегическим документом, определяющим приоритеты, задачи налогового администрирования и направлен на повышение уровня эффективности, результативности и прозрачности деятельности налоговых органов Республики Таджикистан.

2. Программа будет способствовать укреплению стабильности государственных финансов, повышению уровня и качества государственных услуг в электронной форме, упрощению и облегчению  выполнения налоговых обязательств, налаживанию дистанционного сотрудничества с налогоплательщиками и организации межведомственного обмена информацией.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ НАЛОГОВОГО АДМИНИСТРИРОВАНИЯ

3. В целях упрощения административных процедур, повышения уровня и качества государственных услуг в электронной  форме, организации обмена данными между министерствами и ведомствами, снижения влияния человеческого фактора, цифровизации сферы и с учётом поэтапного расширения технических возможностей налоговых органов, пополнения базы данных, увеличения количества модулей и расширения электронных услуг, были объединены и интегрированы 50 программных модулей в одной налоговой информационной системе.

4. Модули компьютерных программ и государственных услуг в электронной форме в основном используются для регистрации налогоплательщиков, учёта и уплаты налогов, управления рисками и налогового контроля, администрирования налогов (включая администрирования налога на добавленную стоимость), переписки (обращения) с налогоплательщиками, управления налоговой задолженностью и анализа данных.

5. В настоящее время осуществляются действия по государственной регистрации, в том числе государственная регистрация юридических лиц, индивидуальных предпринимателей, дехканских (фермерских) хозяйств, электронный учёт налогоплательщиков и внесение данных в единый государственный реестр электронным способом.

6. Одним из механизмов простого и удобного использования государственных услуг является внедрение мобильных приложений в электронном виде. В связи с этим для физических лиц было внедрено мобильное приложение «Мой налог», предоставляющее ряд государственных услуг в электронном виде, включая регистрацию в качестве индивидуального предпринимателя, договор аренды, исчисление  и уплату налога на недвижимое имущество, налога на транспортные средства, представление налоговой отчётности, составление сравнительного акта, налогового калькулятора, налогового календаря и других услуг.

7. Осуществление порядка представления налоговых деклараций в электронном виде началось с 2013 года, с учётом развития цифровизации   и государственных услуг данный порядок упрощен, пользователи подобных услуг поэтапно увеличиваются, в настоящее время все формы налоговых деклараций представляются в электронном виде. На сегодняшний день более 250,0 тысяч хозяйствующих субъектов представляют в налоговые органы свои декларации и отчёты в электронном виде, что составляет 98,0 процентов от общего числа подотчётных хозяйствующих субъектов.

8. В связи с существующими проблемами, в том числе несоответствующих технических условий  хозяйствующих субъектов, не владения ими компьютерными навыками, в более 40 городах и районах созданы сервисные терминалы, оснащенные современным оборудованием, подключенные к сети Интернет, которыми  могут пользоваться налогоплательщики для представления отчётов в электронной форме.

...