×

Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 28 майи соли 2026, № 312

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 майи соли 2026, № 312

Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барнома) маҷмуи чорабиниҳои ҳамоҳангро дар бар мегирад, ки ҳадафашон коҳиши устувори сатҳи беморӣ, маъюбӣ ва фавтҳои марбут ба диабети қанд мебошад. Ин чорабиниҳо аз таҳия ва амалисозии тадбирҳои ҳамаҷониба, илман асоснок ва байнисоҳавӣ иборатанд, ки фарогирии тамоми гурўҳҳои синну солӣ ва иҷтимоию иқтисодиро таъмин намуда, механизмҳои низомнокии пешгирии бемориҳоро тақвият мебахшанд.

2. Барнома барои беҳтар намудани дастрасии скрининг дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷорӣ намудани амсилаҳои муосири идоракунии самараноки клиникии диабети қанд бо таваҷҷуҳ ба назорати сатҳи қанди хун, пешгирии оризаҳо ва риояи протоколҳои клиникӣ равона карда шудааст. Рушди инфрасохтор ва иқтидори кадрии соҳаи тандурустӣ, аз он ҷумла тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, фароҳам сохтани шароити баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот оид ба беморон низ аз самтҳои муҳимми Барнома мебошанд.

3. Барнома дар асоси Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Ҳадафи 3 - «Таъмини ҳаёти солим ва мусоидат ба некуаҳволӣ барои ҳама дар ҳама синну сол», Нақшаи чорабиниҳои глобалии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ (2013–2030), Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия шудааст.

4. Шумораи одамони гирифтори диабети қанд дар ҷаҳон тайи даҳ соли охир беш аз ду баробар афзуда, дар охири соли 2021 аз 537 миллион нафар гузаштааст. Аз рўйи пешгўиҳои Федератсияи Байналмилалии Диабет то соли 2030 шумораи беморони гирифтори диабети қанд ба 643 миллион ва то соли 2045 ба 783 миллион нафар расида, дар баробари ин, тақрибан 50 дарсади онҳо дар синни фаъоли қобили меҳнат аз 40 то 59-сола қарор доранд. Ҳанўз 30 сол пеш шумораи беморони гирифтори диабети қанд аз 30 миллион зиёд набуд. Дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна паҳншавии диабети қанд нисбат ба кишварҳои дорои даромади баланд босуръаттар аст.

5. Мувофиқи маълумоти Федератсияи Байналмилалии Диабет дар соли 2022 14 дарсад калонсолони дар синни 18-сола ва калонтар аз диабети қанд азият мекашиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1990 7 дарсад зиёд аст. Дар ҳамон сол, аз нисф зиёди (59 дарсад) калонсолони 30-сола ва аз он калонтар дорувории зидди диабет намегирифтанд, гузашта аз ин, камтарин фарогирии муолиҷа дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна мушоҳида шудааст.

6. Пайомадҳои хатарноктарини эпидемияи глобалии диабети қанд оризаҳои низомнокии рагҳо ба шумор мераванд, ки ба гурдаҳо (нефропатия), чашм (ретинопатия), рагҳои дил, майна ва андомҳои поён таъсир расонида, ин оризаҳо сабаби асосии маъюбшавӣ ва фавти беморон мебошанд. Мувофиқи арзёбии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2021 беш аз ду миллион нафар аз диабети қанд ва бемориҳои гурдаи марбут ба он фавтида, тақрибан 11 дарсад фавтҳо аз бемориҳои дилу рагҳо бо сатҳи баланди қанд дар хун алоқаманд дониста мешаванд.

7. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳар 10 сония дар ҷаҳон як нафар аз диабети қанд мефавтад. Ҳар сол тақрибан чор миллион нафар фавтида, ки ин шумора бо фавт аз ВНМО ва гепатити вирусӣ баробар аст. Пайомадҳои вазнин ҳамасола ба ҳаёти садҳо ҳазор нафар таъсир мерасонанд, ки зиёда аз як миллион ампутатсияи андомҳои поёнӣ анҷом дода мешавад, беш аз 600 ҳазор нафар биноиро аз даст медиҳанд ва тақрибан 500 ҳазор нафар ба норасоии кори гурда дучор мешаванд. Ин ҳолатҳо табобати гаронарзиши гемодиализ ва пайвандсозии гурдаро талаб мекунанд.

8. Омилҳои асосии хавфи ба паҳншавии диабети қанд мусоидаткунанда инҳоянд:

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «28» мая 2026 года, №312

Программа профилактики и контроля сахарного диабета в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа профилактики и контроля сахарного диабета в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы (далее – Программа) включает в себя комплекс согласованных мероприятий, направленных на устойчивое снижение уровня заболеваемости, инвалидности и смертности, связанных с сахарным диабетом. Данные мероприятия составляют разработку и реализацию комплексных, научно обоснованных и межсекторальных мер, обеспечивающих охват всех возрастных и социально-экономических групп населения и укрепляющих системные механизмы профилактики заболеваний.

2. Программа направлена на улучшение доступности скрининга на уровне первичной медико-санитарной помощи, внедрение современных моделей эффективного клинического управления сахарным диабетом с акцентом на контроль уровня глюкозы в крови, профилактику осложнений и соблюдение клинических протоколов. Развитие инфраструктуры и кадрового потенциала системы здравоохранения, включая подготовку специалистов и повышение их профессиональной квалификации, а также создание условий для учета и анализа данных о пациентах, также являются важными направлениями Программы.

3. Программа разработана на основе Целей устойчивого развития Организации Объединённых Наций, в том числе Цели 3 – «Обеспечение здорового образа жизни и содействие благополучию для всех в любом возрасте», Глобального плана действий Всемирной организации здравоохранения по профилактике неинфекционных заболеваний (2013–2030), Стратегии охраны здоровья населения Республики Таджикистан до 2030 года и Стратегии профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан до 2040 года.

4. Число людей, страдающих сахарным диабетом в мире, за последние десять лет увеличилось более чем в два раза и к концу 2021 года превысило 537 миллионов человек. По прогнозам Международной Федерации Диабета к 2030 году число больных сахарным диабетом достигнет 643 миллионов человек, а к 2045 году 783 миллионов, при этом около 50 процентов из них будут находиться в трудоспособном возрасте от 40 до 59 лет. Ещё 30 лет назад число больных сахарным диабетом не превышало 30 миллионов человек. В странах с низким и средним уровнем дохода распространенность диабета растет быстрее, чем в странах с высоким уровнем дохода.

5. Согласно данным Международной Федерации Диабета, в 2022 году 14 процентов взрослых в возрасте 18 лет и старше страдали сахарным диабетом, что на 7 процентов больше по сравнению с 1990 годом. В том же году более половины (59 процентов) взрослых в возрасте 30 лет и старше не получали противодиабетические препараты, при этом наименьший охват лечением наблюдался в странах с низким и средним уровнем дохода.

6. Наиболее опасными последствиями глобальной эпидемии сахарного диабета являются сосудистые осложнения, которые поражают почки (нефропатия), глаза (ретинопатия), сосуды сердца, головного мозга и нижних конечностей. Эти осложнения являются основной причиной инвалидности и смертности пациентов. По оценкам Всемирной организации здравоохранения, в 2021 году более двух миллионов человек умерли от сахарного диабета и связанных с ним заболеваний почек, а около 11 процентов смертей от сердечно-сосудистых заболеваний связаны с повышенным уровнем сахара в крови.

7. По данным Всемирной Организации Здравоохранения каждые 10 секунд в мире один человек умирает от сахарного диабета. Ежегодно умирает около четырёх миллионов человек, что сопоставимо со смертностью от ВИЧ и вирусных гепатитов. Тяжёлые последствия ежегодно затрагивают жизнь сотен тысяч людей: более одного миллиона ампутаций нижних конечностей, более 600 тысяч случаев потери зрения и около 500 тысяч случаев почечной недостаточности. Эти состояния требуют дорогостоящего лечения, включая гемодиализ и трансплантацию почек.

8. Основными факторами риска, способствующими распространению сахарного диабета, являются:

- ­недостаточная физическая активность;

...