ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи роҳбарикунандаи ҳамоҳангсозӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи роҳбарикунандаи ҳамоҳангсозӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи ҳамоҳангсозӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 299
...