Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 289 "Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйир ба Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот аз 14 декабри соли 2022"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйир ба Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот аз 14 декабри соли 2022


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйир ба Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот аз 14 декабри соли 2022 маъқул дониста шавад.

2.Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Протоколи мазкурро бо ҷониби Покистон мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 289
Лоиҳа

ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани тағйир ба Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот аз 14 декабри соли 2022

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо), ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

моддаи 9 Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистон (Идораи федералии пардохтҳо) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот аз 14 декабри соли 2022 (минбаъд Ёддошти тафоҳум) ба роҳбарӣ гирифта,

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Протокола о внесении изменения в Меморандум о взаимопонимании между Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службой Пакистана (Федеральный департамент по платежам) по организации электронного обмена данных от 14 декабря 2022 года

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Протокола о внесении изменения в Меморандум о взаимопонимании между Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службой Пакистана (Федеральный департамент по платежам) по организации электронного обмена данных от 14 декабря 2022 года.

2.Начальнику Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящий Протокол и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с пакистанской стороной дату и место подписания настоящего Протокола.

Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №289

Прилагается на тадж.яз


...