Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 285 "Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»


Мувофиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи ёддоштҳои табодулии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» маъқул дониста шавад.

2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои табодулии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни онҳо тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои ёддоштҳои табодулии мазкурро бо ҷониби Япония мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 285
Тарҷумаи ғайрирасмӣ

Сабти музокирот

(*Ҷониби Япония)

Дар асоси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Япония ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - «Қабулкунанда») аз «санаи имзо» вобаста ба идомаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Япония бо мақсади рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - «ёддоштҳои табодулӣ»), намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Япония ба таври зайл изҳор менамоянд:

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проектах обменных нот между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Японии о «Проекте по предоставлению стипендий для развития человеческих ресурсов»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проекты обменных нот между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Японии о «Проекте по предоставлению стипендий для развития человеческих ресурсов».

2. Министру иностранных дел Республики Таджикистан подписать настоящие обменные ноты от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в их текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с японской стороной дату и место подписания настоящих обменных нот.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 мая 2026 года №285

                                                                 

 Неофициальный перевод
Запись Обсуждений

(*Японская сторона)

В связи с обменом нотами между Правительством Республики Таджикистан (далее-«Получатель») и Правительством Японии от «дата подписания» относительно Японского экономического сотрудничества, оказываемого с целью продвижения экономического и социального развития Республики Таджикистан (далее-«обмен нотами»), представители Таджикской делегации и Японской делегации хотели бы засвидетельствовать следующее:

...