ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Регламент оид ба талабот ба самаранокии энергетикии истеҳсоли алюминийи аввалия
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Регламент оид ба талабот ба самаранокии энергетикии истеҳсоли алюминийи аввалия тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026, №262
...