ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1.Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Низомнома ва ҳайати Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 майи соли 2026, № 1181
...