Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, №1180 "Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам:

1.Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад.

2.Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад.

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва Фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 23 майи соли 2026, №1180



...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Международной премии Абуали ибн Сино (Авиценны) в области медицины

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, с целью признания выдающихся достижений в области медицины, постановляю:

1. Учредить Международную премию Абуали ибн Сино (Авиценны) в области медицины.

2. Создать Фонд настоящей Международной премии.

3. Правительству Республики Таджикистан разработать и утвердить положения о Международной премии Абуали ибн Сино (Авиценны) в области медицины и её Фонде.

Президент
Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон


г. Душанбе 23 мая 2026 года №1180


...