Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026 № 1175 "Дар хусуси лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳамҷавории неки абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳамҷавории неки абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳамҷавории неки абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маъқул дониста шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли ба имзо расонидани Аҳдномаи мазкурро мувофиқа намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026 № 1175

АҲДНОМА ОИД БА ҲАМҶАВОРИИ НЕКИ АБАДӢ, ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд “Ҷонибҳои аҳдкунанда” номида мешаванд,

бо такя ба анъанаҳои бисёрасраи ҳамсоядории нек ва дӯстии халқҳои ду кишвар,

бо дарки аҳаммияти муҳими Аҳднома байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамсоядории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ аз 15 январи соли 2007,

пойбандии худро ба мақсадҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ намуда,

муқаррароти қонунгузории миллӣ ва манфиатҳои тарафҳоро асос гирифта,

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Договора о вечном добрососедстве, дружбе и сотрудничестве между Республикой Таджикистан и Китайской Народной Республики

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1.Одобрить проект Договора о вечном добрососедстве, дружбе и сотрудничестве между Республикой Таджикистан и Китайской Народной Республики.

2.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Договора.

Президент
Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон
г. Душанбе 8 мая 2026 года №1175



...