ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои тару тозаи донакдор (зардолу - олу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои тару тозаи донакдор (зардолу - олу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Протоколи мазкурро бо ҷониби Чин мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026, № 256
Лоиҳа
ПРОТОКОЛ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои тару тозаи донакдор (зардолу - олу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Бо мақсади ташкили содироти меваҳои тару тозаи донакдор зардолу (Prunus armeniaca) ва олу (Prunus domestica L.) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси таҳлили хавфи фитосанитарӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КБОҲҶТ) ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд - СГҶМЧ) тавассути машваратҳои дӯстона ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1 Муқаррароти умумӣ
...