ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гӯшти мурғ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гӯшти мурғ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Протоколи мазкурро бо ҷониби Чин мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026, № 255
Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гӯшти мурғ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд - «Тарафҳо») тавассути гуфтушунидҳои дӯстона доир ба талаботи зерин дар мавриди назорат, карантин ва бехатарии озуқаворӣ барои воридот ва содироти гӯшти мурғи яхкардашуда ва гӯшти мурғи бо ҳарорат коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба мувофиқаи зерин расиданд.
МОДДАИ 1
Тарафҳо барои анҷом додани назорат ва карантини гӯшти мурғе, ки барои содирот ва воридоти тарафайн пешбинӣ шудааст, инчунин барои додани Шаҳодатномаи байтории солимии маҳсулот (Veterinary Health Cerrifcate) уҳдадор мебошанд.
...