Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026, № 254 "Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026 маъқул дониста шавад.

2. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026, № 254
Лоиҳа

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026

Бо мақсади таҳкими мубодила ва ҳамкорӣ байни Чумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар доираи Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ дар натиҷаи музокироти дӯстона Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди ҳамкориҳои баиналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026 ба чунин мувофиқаҳо расиданд:

Моддаи 1
...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Китайским агентством международного сотрудничества в области развития (CIDCA) по совместной реализации плана сотрудничества в области развития человеческих ресурсов на 2026 год

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Китайским агентством международного сотрудничества в области развития (CIDCA) по совместной реализации плана сотрудничества в области развития человеческих ресурсов на 2026 год.

2.Министру экономического развития и торговли Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости вносить в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 8 мая 2026 года №254

Меморандум о взаимопонимании между Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Китайским агентством по международному сотрудничеству в целях развития (CIDCA) о сотрудничестве в области развития человеческих ресурсов за 2026 год

В целях укрепления обменов и сотрудничества между Республикой Таджикистан и Китайской Народной Республикой в области развития человеческих ресурсов в рамках Инициативы по глобальному развитию, по результатам переговоров по вопросу сотрудничества в области развития человеческих ресурсов за 2026 год, прошедших в атмосфере дружбы и взаимопонимания, Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее Таджикская сторона) и Китайское агентство по международному сотрудничеству в целях развития (CIDCA) (далее Китайская сторона) достигли взаимопонимания о нижеследующем:

Статья 1

В 2026 году Китайская сторона предоставит Таджикской стороне 600 квот для участия на двусторонних и многосторонних семинарах.

Статья 2
...