ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон маъқул дониста шавад.
2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои табодулии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни онҳо тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли баимзорасонии ёддоштҳои табодулии мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2026, № 251
Ба муҳтарам Ҷаноби Го Чжисзюн
Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Мардумии Чин дар
...