×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, № 708 "Дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» оид ба сохтмон ва мавриди истифодабарӣ қарор додани неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» оид ба сохтмон ва мавриди истифодабарӣ қарор додани неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаҳои 8, 14, 15, 16 ва 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», бо мақсади рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи иловагӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» оид ба сохтмон ва мавриди истифодабарӣ қарор додани неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад (замимаи 1).

2. Номгўйи молҳо, воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоти аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» барои амалисозии лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки пас аз тасдиқ гардидани созишномаи сармоягузории мазкур аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» сана ва маҳалли имзои созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.

5. Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида назорат ва сари вақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳои воридшавандаро таъмин намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 декабри соли 2025, № 708
Замимаи 1
...

Правительство Республики Таджикистан

Поствновление


Об изъятии и предоставлении земельного участка Джамоату дехота Истиклол Шахринавского района

В соответствии со статьями 261, 29 и 30 Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Изъять из земель сельскохозяйственного назначения резервного фонда Исполнительного органа государственной власти Шахринавского района, расположенных на территории дехота Истиклол, площадью 3,0 гектара пастбищ и предоставить Джамоату дехота Истиклол Шахринавского района в бессрочное пользование без права отчуждения права пользования для организации нового кладбища для жителей сёл Сангмелаи боло, Сангмелаи поён и Кахрамон дехота Истиклол и части жителей дехота Шахринав.

2.Джамоату дехота Истиклол Шахринавского района в установленном порядке исползовать представленный земельный участок по целевому назначению.

3.Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:

-обеспечить в установленном порядке государственную регистрацию земельного участка и права его пользования;

-внести соответствущие изменения в государственную земельнокадастровую документацию.


Председатель
Правительства Республики
Таджикистан                                       Эмомали Рахмон


...