Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз 24 июди соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2026, № 215
тасдиқ шудааст

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон, ки минбаъд “Тарафҳо” номида мешавад,

бо ҷидду ҷаҳд ба тавсеаи хамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот бо дарназардошти захираву имкониятҳои Тарафхо,

бо изҳори нияти худ барои таҳкими ҳамкориҳои Тарафҳо,

бо хоҳиши фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот,

ба мувофикаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо дар доираи салоҳиятҳои худ ва мутобиқи қонунгузории миллии худ ба рушди ҳамкориҳо миёни субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, мусоидат менамоянд.

Моддаи 2

Тарафҳо ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин рушд медиҳанд:

-растанипарварӣ;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 апреля 2026 года №215 


Меморандум о взаимопонимании между Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерством продовольствия, сельского хозяйства и легкой промышленности Монголии о сотрудничестве в области сельского хозяйства

Прилагается на тадж.яз


...