бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2026,
№ 212тасдиқ шудааст
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср дар бораи мутақобилаи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср, ки минбаъд “Тарафҳо” номида мешаванд,
бо нияти содагардонии вуруди дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматии ҳарду тарафҳо;
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
1.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дииломатӣ ва хизматӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, махсус ва хизматӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди Тарафи дигар вуруд, хуруҷ, тариқи транзитӣ убур ва ба муддати на зиёда аз (90) руз будубош намоянд.
2.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати ҳайати намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулӣ, намояндагии тиҷоратӣ ё дар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Миср таъин гардидаанд ва дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ ва хизматӣ мебошанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср, ки ба сифати ҳайати намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулӣ, намояндагии тиҷоратӣ ё дар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин гардидаанд ва дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, махсус ва хизматӣ мебошанд, барои муҳлати зиёда аз навад (90) рӯз, уҳдадоранд раводиди вурудӣ дастрас намоянд.
3.Нисбат ба шахсони дар банди 2 ҳамин модда зикршуда, ҳар як Тараф дар бораи мансаб ва вазифаҳои шахсе, ки ба сифати ҳайати намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулӣ, намояндагии тиҷоратӣ ё дар созмонҳои байналмилалӣ таъин гардидааст, Тарафи пазирандаро бо мақсади додани ҳуҷҷати иқомат пешакӣ огоҳ менамояд.
4. Аъзои оилаи шахсони дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда, ки бо онҳо иқомат мекунанд ва дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ ва хизматӣ - барои шаҳрвандони Ҷумҳурин Тоҷикистон ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ - барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср мебошанд, уҳдадоранд раводиди вурудӣ дастрас намоянд.
Моддаи 2
Ҳамаи шахсони дар моддаи 1 Ёддошти тафоҳуми мазкур дарҷгашта, бояд ҳудуди Тарафи дигарро танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадие, ки барои мусофирати байналмилалӣ муайян шудаанд, убур намоянд.
...