ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи намунаҳои либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунанда, тартиб ва меъёри таъминоти ашё ба кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Намунаҳои либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунанда, тартиб ва меъёри таъминоти ашё ба кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дӯхтани либоси расмии кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ мувофиқи меъёрҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда анҷом диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 1172
Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» апрели соли 2026, №1172
Намунаҳои либоси расмии кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Намунаҳои либоси расмии кормандони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои либоси расмӣ барои мардон ва занони Агентии мазкурро муайян менамояд.
...