Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 171 "Дар бораи Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ


Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилоти дигаре, ки ба субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ дастгирӣ (молиявӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, таълимӣ ва машваратӣ, инфрасохторӣ) пешниҳод менамоянд, қарори мазкурро дар ҳолатҳои зерин ба роҳбарӣ гиранд:

- баҳодиҳии ҳадафҳои иҷтимоӣ ва ҳадафҳои дигари муҳимми ҷамъиятии субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ;

- интихоби субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ барои пешниҳоди чораҳои дастгирии давлатӣ ва намуди дигари дастгирӣ;

- мониторинги самаранокии истифодаи чораҳои дастгирии давлатии пешниҳодшуда ба субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ;

- омода намудани ҳисобот дар бораи рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳнамоии методӣ ва фаҳмондани муқаррароти қарори мазкурро ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ, инчунин ташкилотҳои дигар таъмин намояд;

- ҷамъоварӣ, хулосабарорӣ ва таҳлили маълумоти дар рафти баҳодиҳии таъсири соҳибкории иҷтимоӣ бадастомадаро ба роҳ монад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона дар бораи таъсири соҳибкории иҷтимоӣ пешниҳод намояд.

4. Субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ маълумоти заруриро барои баҳодиҳии таъсири фаъолияти онҳо тибқи қарори мазкур аз рӯйи дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки чораҳои дастгирии давлатиро амалӣ мекунанд, пешниҳод намоянд.

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Методике оценки воздействия социального предпринимательства

В соответствии со статьей 10 Закона Республики Таджикистан «О социальном предпринимательстве» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Методику оценки воздействия социального предпринимательства (прилагается).

2. Центральным и местным исполнительным органам государственной власти, а также другим организациям, предоставляющим (финансовую, правовую и институциональную, образовательную и консультационную, инфраструктурную) поддержку субъектам социального предпринимательства, руководствоваться положениями настоящего постановления при:

- оценке достижения социальных и иных общественно значимых целей субъектами социального предпринимательства;

- отборе субъектов социального предпринимательства для предоставления мер государственной и иной поддержки;

- мониторинге эффективности использования предоставленных мер государственной поддержки субъектами социального предпринимательства;

- подготовке отчетности о развитии социального предпринимательства в Республике Таджикистан.

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан:

- обеспечить методическое руководство и разъяснение положений настоящего постановления центральным и местным исполнительным органам государственной власти, субъектам социального предпринимательства, а также другим организациям;

- организовать сбор, обобщение и анализ данных, полученных в ходе оценки воздействия социального предпринимательства, и представить в Правительство Республики Таджикистан ежегодный доклад о воздействии социального предпринимательства.

4. Субъектам социального предпринимательства предоставлять информацию, необходимую для оценки их воздействия в соответствии с настоящим постановлением, по запросам уполномоченных государственных органов, осуществляющих меры государственной поддержки.

Председатель
...