Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 159 "Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи барҳам додани Шурои байниҳукуматӣ оид ба нафту газ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи барҳам додани Шурои байниҳукуматӣ оид ба нафту газ


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Протокол дар бораи барҳам додани Шурои байниҳукуматӣ оид ба нафту газ, ки 28 сентябри соли 2012 дар шаҳри Ялта ба имзо расонида шудааст, тасдиқ карда шавад.

2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 159


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Протокола об упразднении Межправительственного совета по нефти и газу

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Протокол об упразднении Межправительственного совета по нефти и газу, подписанный 28 сентября 2012 года в городе Ялта.

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года №159


...