Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2026,
№ 155тасдиқ шудааст
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ДЕПАРТАМЕНТИ МОНИТОРИНГИ МОЛИЯВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН (ДММ) ВА ВАЗОРАТИ МОЛИЯ, ШУРО ОИД БА ТАФТИШИ ҶИНОЯТҲОИ МОЛИЯВИИ (МАСАК) ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ ОИД БА ТАБОДУЛИ МАЪЛУМОТИ КАШШОФИИ МОЛИЯВИИ МАРБУТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ
Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (ДММ) ва Вазорати молия, Шуро оид ба тафтиши ҷиноятҳои молиявии (МАСАК) Ҷумҳурии Туркия, ки минбаъд «Мақомот» номида мешаванд, бо мақсади мусоидат ба табодули иттилоот вобаста ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳои марбут, дар руҳияи ҳамкорӣ ва манфиатҳои тарафайн, дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва дар доираи қонунгузории миллии ҳар як Мақомот, дар ин хусус ба мувофиқа расиданд.
1.МАҚСАД
1)Мақомот бо ташаббуси худ ё тибқи дархост тавассути пешниҳоди маълумот ба ҳамдигар, ки метавонад ба таҳлил, тафтиш ва таъқиби шахсони гумонбар дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва фаъолиятҳои марбут мусоидат намояд, ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.
2)Ҳамкорӣ ва табодули маълумот байни Мақомот мутобиқи низоми қонунгузории миллӣ анҷом дода мешавад.
2.АСОСНОКИИ ДАРХОСТ
1)Ҳар як дархост бояд, то ҳадде ки қонунгузории миллӣ иҷозат медиҳад, дорои маълумоти зерин бошад:
а) шарҳи мухтасари далелҳои дахлдори маълум ба Мақоми дархосткунанда;
б) ҳама гуна маълумоти дастраси мушаххаскунанда оид ба субъект;
в) ҳама гуна маълумоти дастрас оид ба ҷиноятҳои эҳтимолӣ, айбдоркунӣ, агар бошад;
г) шахси дархостшаванда ва мақсаде, ки маълумот барои он истифода бурда мешавад.
а) шарҳи мухтасари далелҳои дахлдори маълум ба Мақоми дархосткунанда;
б) ҳама гуна маълумоти дастраси мушаххаскунанда оид ба субъект;
в) ҳама гуна маълумоти дастрас оид ба ҷиноятҳои эҳтимолӣ, айбдоркунӣ, агар бошад;
...