ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди саноати маъдан ва истихроҷи масъданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Зимбабве доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди саноати маъдан ва истихроҷи масъданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Зимбабве доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ маъқул дониста шавад.
2. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Зимбабе сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 154
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди саноати маъдан ва истихроҷи маъданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Зимбабве доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ
МУҚАДДИМА
Бо дарназардошти он ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маъданҳо ва рушди саноати кӯҳии Ҷумҳурии Зимбабве (минбаъд дар якҷоягӣ «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешавад) хоҳиши ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро доранд;
...