ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани иловаҳо ба замимаҳои №1 ва №2 Протокол дар бораи аз низоми савдои озод хориҷ сохтан аз 9 марти соли 2018 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани иловаҳо ба замимаҳои №1 ва №2 Протокол дар бораи аз низоми савдои озод хориҷ сохтан аз 9 марти соли 2018 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 маъқул дониста шавад.
2. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Протоколи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон мувофиқа намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №360 «Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани иловаҳо ба замимаҳои №1 ва №2 Протокол дар бораи аз низоми савдои озод хориҷ сохтан аз 9 марти соли 2018 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 19 марти соли 2026, № 130
Лоиҳа
ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани иловаҳо ба замимаҳои №1 ва №2 Протокол дар бораи аз низоми савдои озод хориҷ сохтан аз 9 марти соли 2018 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд, ба мувофиқаи зерин расиданд:
...