Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2026, № 129 "Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии «e-Permit»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии «e-Permit»


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии «e-Permit» маъқул дониста шавад.

2. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 19 марти соли 2026, № 129
Лоиҳа

СОЗИШНОМАИ ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии «e-Permit»

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо эътирофи муҳиммияти сода гардонидани тартиби амалинамоии ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин зарурати баланд бардоштани шаффофият, амният ва фаврияти мубодилаи иттилоот,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения о сотрудничестве между Министерством транспорта Республики Таджикистан и Министерством транспорта Республики Узбекистан по использованию информационной системы «e-Permit»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения о сотрудничестве между Министерством транспорта Республики Таджикистан и Министерством транспорта Республики Узбекистан по использованию информационной системы «e-Permit».

2. Министру транспорта Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с узбекской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 19 марта 2026 года №129

СОГЛАШЕНИЕ о сотрудничестве между Министерством транспорта Республики Таджикистан и Министерством транспорта Республики Узбекистан по использованию информационной системы «e-Permit»

Министерство транспорта Республики Таджикистан и Министерство транспорта Республики Узбекистан, далее именуемые «Стороны»,

признавая важность упрощения порядка осуществления международных перевозок, а также необходимость повышения прозрачности, безопасности и оперативности обмена информацией,

согласились о нижеследующем:

Статья 1
...