Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2026, № 128 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб маъқул дониста шавад.

2. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 19 марти соли 2026, № 128
Лоиҳа

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо хоҳиши мусоидат намудан ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о сотрудничестве в области здравоохранения и медицинской науки

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о сотрудничестве в области здравоохранения и медицинской науки.

2. Министру здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с узбекской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 19 марта 2026 года №128
Проект

СОГЛАШЕНИЕ между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о сотрудничестве в области здравоохранения и медицинской науки

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Республики Узбекистан, именуемые в дальнейшем «Стороны»,

желая содействовать дальнейшему развитию и углублению сотрудничества в области здравоохранения и медицинской науки,

основываясь на положениях Договора о стратегическом партнерстве между Республикой Таджикистан и Республикой Узбекистан от 12 июня 2018 года,

...