Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2026, № 126 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамоҳангсозии тақсимоти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиоии заминии таъиноти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамоҳангсозии тақсимоти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиоии заминии таъиноти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамоҳангсозии тақсимоти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиоии заминии таъиноти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд, маъқул дониста шавад.

2. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 19 марти соли 2026, № 126
лоиҳа

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамоҳангсозии тақсимоти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиоии заминии таъиноти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо тасдиқи ҷонибдории мақсадҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои дигари умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о координации на приграничных зонах радиочастотных присвоений, используемых наземными радиослужбами гражданского назначения Республики Таджикистан и Республики Узбекистан

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о координации на приграничных зонах радиочастотных присвоений, используемых наземными радиослужбами гражданского назначения Республики Таджикистан и Республики Узбекистан.

2. Начальнику Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с узбекской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 19 марта 2026 года №126
проект

СОГЛАШЕНИЕ между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о координации на приграничных зонах радиочастотных присвоений, используемых наземными радиослужбами гражданского назначения Республики Таджикистан и Республики Узбекистан

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Республики Узбекистан, далее именуемые Сторонами,

подтверждая приверженность целям и принципам Устава Организации Объединенных Наций и других общепризнанных норм международного права,

считая необходимым осуществлять координацию радиочастотных присвоений в диапазоне радиочастот 30,0 МГц и выше, во избежание вредных, взаимных помех радиослужбам государств Сторон,

...