ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир ба баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир ба баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо маъқул дониста шавад.
2.Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 10 марти соли 2026, № 122
Тарҷумаи ғайрирасмӣ
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳум оид ба уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир ба баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо
Муқаррароти зерин уҳдадориҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - «Ҳукумати мизбон») ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд - «ФАО»)-ро барои таъмини баргузории Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои Аврупо ва машваратҳо бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (минбаъд - «Конфронс»/«КМА»), ки қисми Барномаи муқаррарии Созмон мебошанд, муайян мекунад.
...