×

Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз 10 марти соли 2026, № 121

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 марти соли 2026, № 121

Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» (минбаъд – Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассиси Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» (минбаъд – Донишкада) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Муассис) мебошад.

3. Донишкада муассисаи давлатии дорои мақоми байналмилалӣ буда, дар идоракунии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд – Донишгоҳ) қарор дорад ва ба Донишгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Донишкада фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Муассис, Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Оинномаи мазкур ва санадҳои дигар меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

5. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилотӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, тайёр кардан ва таҷрибаомӯзии мутахассисонро дар самтҳои иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибӣ ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад. Барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб дар мувофиқа бо Донишгоҳ истифода менамояд.

7. Донишкада дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

8. Донишкада дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, логотип, бланк ва аломатҳои дигари муайянкунанда мебошад.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «10» марта 2026 года, №121

Устав Государственного учреждения «Институт мировой экономики и дипломатии» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Устав Государственного учреждения «Институт мировой экономики и дипломатии» (далее – Устав) разработан на основании Гражданского кодекса Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан «О образовании», «О высшем профессиональных учебных заведениях с международным статусом» и других отраслевых нормативных правовых актов.

2.Учредителем Государственного учреждения «Институт мировой экономики и дипломатии» (далее - Институт) является Правительство Республики Таджикистан (далее – Учредитель).

3.Институт является государственным учреждением с международным статусом, находится в ведении Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее – Университет), подчиняется и подотчетен Университету.

4.Институт осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан «Об образовании», «О высшем профессиональных учебных заведениях с международным статусом», международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Учредителя, Уставом Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана», настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.

5.Институт является учреждением высшего профессионального образования, и реализует образовательные программы, научно-исследовательские работы, подготовку и стажировку специалистов в сфере мировой экономики и международных отношений профессиональной деятельности как внутри страны, так и за рубежом.

6.Институт является юридическим лицом, имеет самостоятельный бухгалтерский баланс и счет в национальной валюте в Главном управлении казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и в коммерческих банках. Для осуществления расчетных и кредитных операций он использует этот счет в согласовании с Университетом.

7.На основании права непосредственного управления Институт владеет имуществом, принимает и исполняет обязательства от своего имени, выступает в качестве истца и ответчика в суде.

8.Институт имеет круглую печать с изображением государственного герба Республики Таджикистан и полным наименованием на государственном, русском и английском языках, логотип, бланк и другие идентифицирующие знаки.

9.Финансирование деятельности Института осуществляется за счет средств государственного бюджета, специальных средств Института и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

...