×

Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз 10 марти соли 2026, № 119

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 марти соли 2026, № 119 

Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ» (минбаъд – Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассиси Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ» (минбаъд – Академия) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Муассис) мебошад.

3. Академия муассисаи давлатии дорои мақоми байналмилалӣ буда, дар идоракунии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (минбаъд – Донишгоҳ) қарор дорад ва ба Донишгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Академия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Муассис, Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон», Оинномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

5. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилотӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, тайёр кардан ва таҷрибаомӯзии мутахассисонро дар самти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Академия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибӣ ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад. Барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб дар мувофиқа бо Донишгоҳ истифода менамояд.

7. Академия дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

8. Академия дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, логотип, бланк ва аломатҳои дигари муайянкунанда мебошад.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «10» марта 2026 года, №119

Устав Государственного учреждения «Академия туризма» Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана»

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Устав Государственного учреждения «Академия туризма» (далее – Устав) разработан на основании Гражданского кодекса Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан «Об образовании», «Об учреждении высшего профессионального образования с международным статусом» и других отраслевых нормативных правовых актов.

2.Учредителем Государственного учреждения «Академия туризма» (далее – Академия) является Правительство Республики Таджикистан (далее – Учредитель).

3.Академия является государственным учреждением с международным статусом, находится в ведении Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» (далее – Университет), подчиняется и подотчетен Университету.

4.Академия осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан «Об образовании», «Об учреждении высшего профессионального образования с международным статусом», международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Учредителя, Уставом Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана», настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.

5.Академия является учреждением высшего профессионального образования и реализует образовательные программы, научно-исследовательские работы, подготовку и стажировку специалистов в сфере туризма как внутри страны, так и за рубежом.

6.Академия является юридическим лицом, имеет самостоятельный бухгалтерский баланс и счет в национальной валюте в главном управлении казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и в коммерческих банках. Для осуществления расчетных и кредитных операций он использует этот счет по согласованию с Университетом.

7.Академия на праве оперативного управления владеет имуществом, принимает и исполняет обязательства от своего имени, выступает в качестве истца и ответчика в суде.

8.Академия имеет круглую печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и полным своим наименованием на государственном, русском и английском языках, логотип, бланки и другие идентифицирующие знаки.

9.Финансирование деятельности Академии осуществляется за счет средств государственного бюджета, специальных средств Академии и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

...