Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 аз 3 марти соли 2026, № 117

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2026, № 117

Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (минбаъд — Барномаи мазкур) бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ равона карда шудааст.

2.Барномаи мазкур самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабиро муайян намуда, барои таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ, рушди моделҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ, таҳкими равобит бо оила ва ҷомеа, ҷорӣ намудани механизмҳои шаффоф ва самараноки идоракунии муассисаҳои таълимии томактабӣ замина фароҳам меорад.

3.Амалисозии Барномаи мазкур барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи томактабӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ, такмили касбии кадрҳои соҳа ва тавсеаи хизматрасониҳои босифати томактабӣ мусоидат менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4.Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳалаи нави ислоҳот қарор дошта, мутобиқи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои густурда амалӣ гашта истодаанд, ки тибқи он ҳадафи олии он рушди дарозмуҳлати мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд, таълиму тарбияи томактабӣ яке аз марҳилаҳои муҳими рушди кӯдакон мебошад, ки дар ташаккули шахсият ва рушди иҷтимоӣ, равонӣ ва маърифатии онҳо аҳамияти калон дорад. Таълиму тарбияи томактабӣ ҳамчун замина барои таҳсилоти минбаъда хидмат карда, ба муваффақияти кӯдакон дар оянда таъсири мусбат мерасонад.

5.Таълиму тарбияи томактабӣ ҳамчун пояи аввалини низоми маориф дар ташаккули шахсияти кӯдак ва омодасозии ӯ ба таҳсилоти умумӣ нақши калидӣ мебозад. Бо дарназардошти аҳамияти хоссаи он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати тақвияти таълиму тарбияи томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешида, рушди соҳа бо суръати муайян пеш меравад.

6.Соли 2025 дар ҳудуди кишвар 795 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 127913 кӯдак фаро гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 78 муассисаи томактабӣ ва 22992 кӯдак зиёд мебошад. Айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 3129 нафар кӯдак, дар вилояти Хатлон 183 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 26068 нафар, дар вилояти Суғд 307 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 51983 нафар, дар шаҳри Душанбе 167 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 33714 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 102 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 13019 кӯдак фаъолият мекунанд.

7.Дар доираи амалисозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъсиси марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Агар чунин марказҳо дар соли 2023-юм 2381 адад бо фарогирии 96546 нафар кӯдак фаъолият карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025-ум ба 3154 адад расид, ки дар онҳо 182744 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 213 адад марказ бо фарогирии 4931 кӯдак, дар вилояти Суғд 732 адад марказ бо фарогирии 27035 кӯдак, дар вилояти Хатлон 1304 адад марказ бо фарогирии 121154 кӯдак, дар шаҳри Душанбе 78 адад марказ бо фарогирии 2449 кӯдак ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 827 марказ бо фарогирии 36175 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2023-юм 773 марказ ва 86198 кӯдак зиёд мебошад. Дар муассисаҳои томактабӣ дар соли таҳсили 2025-2026 фарогирии кӯдакони синни томактабӣ 30.1 дарсад, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42,6 дарсад, дар вилояти Суғд 29,4 дарсад, дар вилояти Хатлон 33,2 дарсад, дар шаҳри Душанбе 39,6 дарсад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20,8 дарсадро ташкил медиҳад.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «3» марта 2026 года, №117

Программа развития дошкольного обучения и воспитания в Республике Таджикистан на 2026–2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Программа развития дошкольного обучения и воспитания в Республике Таджикистан на 2026–2030 годы (далее – настоящая Программа) разработана с целью укрепления правовых, экономических и организационных основ для обеспечения устойчивого развития системы дошкольного обучения и воспитания в республике и её реализация направлена на повышение уровня и качества воспитания и обучения детей дошкольного возраста.

2.Настоящая Программа определяет приоритетные направления государственной политики в сфере дошкольного образования и создаёт основу для укрепления межсекторного сотрудничества, развития инновационных моделей, эффективного использования информационных технологий, укрепления связей с семьёй и обществом, внедрения прозрачных и эффективных механизмов управления дошкольными образовательными учреждениями.

3.Реализация настоящей Программы будет способствовать созданию благоприятной среды для дошкольного воспитания и обучения, расширению доступа к дошкольному образованию, повышению профессиональной квалификации кадров отрасли и расширению качественных дошкольных услуг.

2. АНАЛИЗ СОСТОЯНИЯ ДОШКОЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ И ВОСПИТАНИЯ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

4.Республика Таджикистан в настоящее время находится на новом этапе реформ и в соответствии с требованиями Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года во всех сферах осуществляются масштабные преобразования, главной целью которых является долгосрочное развитие страны, повышение уровня жизни населения на основе обеспечения устойчивого экономического роста. В этом процессе дошкольное образование и воспитание является одной из важнейших ступеней развития ребёнка, играющей большую роль в формировании личности, социальном, психологическом и познавательном развитии детей. Дошкольное образование и воспитание служит основой для последующего обучения и оказывает положительное влияние на успехи ребёнка в будущем.

5.Дошкольное обучение и воспитание, как первая ступень системы образования, играет ключевую роль в формировании личности ребёнка и подготовке его к общему образованию. Учитывая его особую значимость, Правительство Республики Таджикистан в последние годы приняло конкретные меры по укреплению системы дошкольного воспитания и развитие этой сферы идёт определёнными темпами.

6.По состоянию на 2025 год на территории страны функционируют 795 дошкольных образовательных учреждения, в которых охвачены 127 913 детей. Этот показатель по сравнению с 2023 годом выше на 78 дошкольных учреждений и 22992 детей. В настоящее время в Горно-Бадахшанской автономной области функционируют 36 дошкольных учреждений с охватом 3129 ребёнка, в Хатлонской области — 183 учреждение с охватом 26068 ребёнка, в Согдийской области — 307 учреждения с охватом 51983 ребёнка, в городе Душанбе — 167 учреждений с охватом 33714 детей, а в городах и районах республиканского подчинения — 102 учреждения с охватом 13019 ребёнка.

7.В рамках реализации Государственной программы развития дошкольного образования в Республике Таджикистан на 2020–2025 годы проведена определённая работа по созданию центров раннего развития детей. Если в 2023 году таких центров функционировало 2381 с охватом 96 546 детей, то в 2025 году их число достигло 3154, и в них охвачены воспитанием 182744 детей. В частности, в Горно-Бадахшанской автономной области — 213 центров с охватом 4931 детей, в Согдийской области — 732 центров с охватом 27035 детей, в Хатлонской области — 1304 центров с охватом 121154 ребёнка, в городе Душанбе — 78 центров с охватом 2449 детей, а в городах и районах республиканского подчинения — 827 центров с охватом 36175 детей. Этот показатель по сравнению с 2023 годом увеличился на 773 центра и 86198 ребёнка. В дошкольных учреждениях в 2025–2026 учебном году охват детей дошкольного возраста составляет 30,1 процента, в том числе в Горно-Бадахшанской Автономной Области — 42,6 процента, в Согдийской области — 29,4 процента, в Хатлонской области — 33,2 процента, в городе Душанбе — 39,6 процентов, а в городах и районах республиканского подчинения — 20,8 процентов.

8.Вместе с тем общий охват детей 3–6 лет дошкольным образованием и воспитанием составляет 30,1 процента, что ниже установленных международных норм и стратегических целей страны.

...