×

Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 28 феврали соли 2026, №101

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» феврали соли 2026, №101

Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барномаи мазкур) дар асоси ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия гардидааст.

2.Барномаи мазкур масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати дахлдор, бо таваҷҷуҳ ба ташаккули тафаккури рақамӣ дар доираи ҳадафҳои рушди устувор барои ташкили иқтисодиёти ба дониш, ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, инчунин мутобиқ ба вазъи соҳаҳо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ муайян менамояд.

3.Амалисозии Барномаи мазкур бо дарназардошти муқаррароти дахлдори марҳилаи дуюми Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024-ум бармеоянд, фаслҳои зеринро дар бар мегирад:

якум, такмили асосҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии дахлдор ҷиҳати гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

дуюм, то шабакаҳои панҷ-ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, таъмини дастрасии фарохмавҷ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;

сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили платформаҳои ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;

чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва азнавтайёркунии кадрҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;

шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва амнияти иттилоотӣ;

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «28» февраля 2026 года, №101

Среднесрочная программа развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Среднесрочная программа развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы (далее – настоящая Программа) разработана на основе целей и приоритетов Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, Концепции цифровой экономики в Республике Таджикистан и результатов Среднесрочной программы развития цифровой экономики в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы.

2.Настоящая программа определяет будущий курс развития цифровой экономики в Республике Таджикистан посредством точного и конкретного определения приоритетных направлений и соответствующих среднесрочных задач, с акцентом на формирование цифрового мышления в рамках целей устойчивого развития, создание экономики, основанной на знаниях, изобретениях и инновациях, а также внедрение цифровых технологий в соответствии с текущим состоянием отраслей.

3.Реализация настоящей Программы, с учетом соответствующих положений второго этапа Концепции цифровой экономики в Республике Таджикистан и поручений, вытекающих из Послания Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона к Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 28 декабря 2024 года, включает следующие разделы:

- первое, совершенствование правовых основ и принятие соответствующих нормативных актов для перехода к цифровой экономике;

- второе, развитие цифровой инфраструктуры до сетей 5G, обеспечение широкополосного доступа, развитие центров обработки данных и создание полноценной национальной базы данных;

- третье, полная цифровизация государственных услуг и создание единой платформы государственных услуг;

- четвертое, развитие человеческого капитала путем обучения и переподготовки кадров по информационным технологиям в стране и за рубежом, а также повышение уровня культуры использования цифровых технологий;

- пятое, широкое использование искусственного интеллекта в ходе оказания услуг и системы государственной регистрации;

- шестое, принятие мер по обеспечению кибербезопасности баз данных и информационной безопасности;

...