ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
1. Бо мақсади танзими истифодабарии намудҳои ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд, барои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуталон» дар мавсими шикор аз 1 сентябри соли 2026 то 1 марти соли 2027 барои шикор маҳдудаи ройгони зерин муайян карда шавад:
-бузи Морхӯр (Сарra falconeri) - 3 сар;
-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) (Ovis aries bochariensis) - 6 сар.
2.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаҳо ва назорати давлатии истифодаи онҳоро таъмин карда, аз натиҷааш моҳи марти соли 2027 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
3.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон назорати истифодаи мақсадноки маҳдудаҳои муайяншударо таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, №11-ф
...