Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №10-ф

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ


1.Бо мақсади танзими истифодабарии намудҳои ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, барои шикор дар солҳои 2026-2027 маҳдудаи зерин муайян карда шавад:

-гӯсфанди Марко Поло (Ovis ammon polii) - 132 сар;

-бузи Морхӯр (Сарra falconeri) - 24 сар;

-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) (Ovis aries bochariensis) - 18 сар;

-хирси маллаи тиёншонй (Ursus arctos arctos isabellinus) (дар ҳолатҳои таҳдид ба шаҳрвандон ва расонидани зарар ба аҳолӣ) - 10 сар.

2.Муҳлати истифодаи маҳдуда барои гӯсфанди Марко Поло, бузи Морхӯр, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) аз 1 сентябри соли 2026 то 1 марти соли 2027 ва муҳлдати истифодаи маҳдуда барои хирси маллаи тиёншонӣ аз 1 сентябри соли 2026 то 31 августи соли 2027 муайян карда шавад.

3.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаҳо ва назорати давлатии истифодаи онҳоро таъмин намояд.

4.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати воридот ва содироти объектҳои олами ҳайвоноти ваҳширо дар асоси фармоиши мазкур ва иҷозатномаҳои додашудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

5.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо назорати истифодаи мақсадноки маҳдудаҳои муайяншударо таъмин карда, аз натиҷааш моҳҳои март ва сентябри соли 2027 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


...

Правительство Республики Таджикистан

Распоряжение

1.В целях регулирования использования видов животных, занесённых в Красную книгу Республики Таджикистан, определить квоту на охоту в 2026-2027 годах в следующем объёме:

- баран Марко Поло (Ovis ammon polii) - 132 голов;

- винторогий козёл мархур (Capra falconeri) - 24 голов;

- бухарский горный баран (уриал) (Ovis aries bochariensis) - 18 голов;

- тяньшанский бурый медведь (Ursus arctos isabellinus) (в случаях угрозы гражданам и причинения ущерба населению) - 10 голов.

2.Срок использования квоты для барана Марко Поло, винторого козла мархур, бухарского горного барана (уриал) определить с 1 сентября 2026 года по 1 марта 2027 года и срок использования квоты для тяньшанского бурого медведя определить с 1 сентября 2026 года по 31 августа 2027 года.

3.Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить выдачу лицензий и государственный контроль за их использованием.

4.Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять контроль ввоза и вывоза объектов дикого животного мира на основании настоящего распоряжения и выданных лицензий Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

5.Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан, Агентством лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной академией наук Таджикистана, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов обеспечить контроль за целевым использованием определенных квот и о результатах в марте и сентябре 2027 года представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 февраля 2026 года №10-р
...