Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 72 "Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2026, №1132"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2026, №1132


Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 14-уми январи соли 2026, №1132 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Аз 1 сентябри соли 2026:

-ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

-маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;

-маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад

-стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;

-маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;

-маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;

-андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации указа Президента Республики Таджикистан от 14 января 2026 года, №1132

Во исполнение указа Президента Республики Таджикистан от 14 января 2026 года, №1132 «О мерах по усилению уровня социальной защиты населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных организаций, размеров пенсий и стипендий» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.С 1 сентября 2026 года:

- установить минимальный размер оплаты труда для всех экономических и социальных сфер республики в размере 1300 сомони в месяц;

- увеличить должностные оклады работников учреждений дошкольного и общего среднего образования на 25 процентов;

- увеличить должностные оклады работников других учреждений сфер образования, науки, культуры, спорта, здравоохранения, учреждений сферы социальной защиты, работников правоохранительных органов, военнослужащих, органов власти и государственного управления и других бюджетных учреждений на 20 процентов;

- увеличить размер базового оклада для расчёта должностного оклада работников сферы здравоохранения на 20 процентов и установить в сумме 893 сомони;

- установить размер базового оклада в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей категории 1614 сомони, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и дехотов 1506 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категории государственной службы указанных органов 1668 сомони;

- увеличить действующие стипендии студентов и другие виды стипендий в том числе президентские стипендии (за исключением курсантов высших военных учреждений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) на 20 процентов;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, работников правоохранительных органов и других работников этих органов на 20 процентов;

- установить базовый оклад для расчета коэффициентов для воинских званий военнослужащих и специальных званий работников правоохранительных органов от звания рядового до лейтенанта 2002 сомони и от звания старшего лейтенанта до генерала армии 1800 сомони;

- установить размер базового оклада как основу тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, работающих в военных структурах и правоохранительных органах, 1800 сомони и для административных должностей пятой, шестой и седьмой категорий государственной службы указанных органов 2002 сомони;

- проиндексировать (увеличить) страховые, трудовые и социальные пенсии, а также надбавки к ним в соответствии с положениями статьи 51 Закона Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях» и размер базовой пенсии на уровне инфляции 2025 года, но не менее чем на 15 процентов от установленного размера.

...