Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 71 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария оид ба лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария оид ба лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд»


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария оид ба лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд» маъқул дониста шавад.

2.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 71

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария оид ба лоиҳаи «Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд”

(Марҳилаи I, аз 01.01.2025 то 31.12.2028)

Бо саъю кушиш ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мавҷудаи дӯстона дар байни ду кишвар,

ҷиҳати иҷро ва татбиқи созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ва кумаки башардӯстона, ки байни Ҳукумати Швейтсария ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 октябри соли 1999 ба имзо расидааст ва 1 ноябри соли 2000 аз тарафи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо №155 тасдиқ шудааст,

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Швейцарской Конфедерации по проекту «Управление подземными водами в Согдийской области»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Швейцарской Конфедерации по проекту «Управление подземными водами в Согдийской области».

2.Министру финансов Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Правительством Швейцарской Конфедерации дату и место подписания указанного Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г. Душанбе, от 26 февраля 2026 года, №71



...