ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Маҷористон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Маҷористон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо маъқул дониста шавад.
2.Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Маҷористон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 68
Лоиҳа
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Маҷористон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Маҷористон, ки минбаъд Тарафҳои Аҳдкунанда номида мешаванд,
бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои судманди тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ва бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн,
...