Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ барои пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасони малах аз 29 сентябри соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 60
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ барои пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасони малах 

Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо кӯшиши рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи минтақавӣ ва наздисарҳадӣ,

бо дарки он, ки рушди чунин ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ба манфиати аҳолии онҳо ҷавобгӯ мебошад,

бо дарназардошти хатари махсуси ҳашароти зараррасони малах барои зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо,

инчунин бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҳосил

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҳамкории муштаракро барои таъмини гузаронидани самараноки фитомониторинг, пешгирии муҳоҷирати ҳашароти зараррасони малах ва мубориза бо онҳо, инчунин барои тақвият ва беҳтар кардани ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ ба роҳ мемонанд.

Моддаи 2

Мақсади Созишномаи мазкур пешгирии паҳншавии оммавии ҳашароти зараррасони малах дар давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур, то ҳадди ақал кам кардани таҳдиди зарар барои ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, мувофиқасозӣ ва анҷом додани амалҳои муштараки ташкилотҳо оид ба фитомониторинг ва муҳофизати растаниҳо дар давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур, нигоҳ доштани саломатии одамон ва муҳити зист пеш ва баъд аз анҷом додани чорабиниҳои муборизавӣ бар зидди малах мебошад.

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года №60

СОГЛАШЕНИЕ о сотрудничестве государств — участников СНГ по предупреждению развития саранчовых вредителей

Правительства государств - участников настоящего Соглашения, именуемые в дальнейшем Сторонами,

стремясь к дальнейшему развитию взаимного регионального и приграничного сотрудничества,

осознавая, что развитие такого сотрудничества между государствами - участниками СНГ отвечает интересам их народов,

учитывая особую опасность саранчовых вредителей для сельскохозяйственных культур и пастбищ,

а также с целью недопущения потерь урожая

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны осуществляют взаимодействие для обеспечения проведения эффективного фитомониторинга, предупреждения миграции саранчовых вредителей и борьбы с ними, а также для усиления и повышения эффективности сотрудничества государств -участников СНГ.

Статья 2

Целями настоящего Соглашения являются предупреждение массового развития саранчовых вредителей в государствах - участниках настоящего Соглашения, минимизация риска угрозы ущерба урожаю сельскохозяйственных культур, согласование и осуществление совместных действий организаций по фитомониторингу и защите растений в государствах - участниках настоящего Соглашения, сохранение здоровья людей и окружающей среды до и после проведения противосаранчовых обработок.

...