Созишнома дар бораи тайёр кардани кадрҳо барои хадамоти пенитенсиарии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 12 декабри соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 57
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА дар бораи тайёр кардани кадрҳо барои хадамоти пенитенсиарии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дар назар доштани муқаррароти Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 16 октябри соли 2015,

бо дар назар доштани зарурати таъмини сатҳи баланди омодасозии кадрҳо барои хадамоти пенитенсиарии давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ мебошанд, изҳори хоҳиши таъсиси механизмҳои самарабахши ҳамкорӣ дар ин самт,

дар бораи зерин ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳҳои зерин истифода мешаванд:

мақомоти салоҳиятдор - мақомоти давлатие, ки мутобиқи қонунгузории давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур ваколатҳои татбиқи вазифаҳои санҷиш ва назорат дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дода шудаанд;

давлати ирсолкунанда - давлати иштирокдори Созишномаи мазкур, ки кормандони хадамоти пенитенсиариро барои тайёрӣ ба муассисаҳои таълимии давлатҳои дигари иштирокдори Созишномаи мазкур мефиристад;

ташкилоти таълимӣ - ташкилоти таълимии таҳсилоти олӣ ё ташкилоти таҳсилоти иловагии касбӣ, ки дар он тайёр намудани кадрҳо сурат мегирад;

таълимгирандагон - курсантҳо ва шунавандагоне, ки дар барномаҳои таҳсилоти олӣ ё барномаҳои иловагии касбӣ таҳсил мекунанд;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года №57

СОГЛАШЕНИЕ о подготовке кадров для пенитенциарных служб государств - участников Содружества Независимых Государств

Правительства государств - участников Содружества Независимых Государств, именуемые в дальнейшем Сторонами,

принимая во внимание положения Соглашения об образовании Совета руководителей пенитенциарных служб государств - участников Содружества Независимых Государств от 16 октября 2015 года,

исходя из необходимости обеспечения высокого уровня подготовки кадров для пенитенциарных служб государств - участников настоящего Соглашения, отвечающего вызовам и угрозам современного мира, выражая стремление к созданию эффективных механизмов взаимодействия в данной сфере,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Для целей настоящего Соглашения используются следующие термины:

компетентные органы - органы государственной власти, наделенные в соответствии с законодательством государств - участников настоящего Соглашения полномочиями по осуществлению функций, по контролю и надзору в сфере исполнения уголовных наказаний;

направляющее государство - государство - участник настоящего Соглашения, направляющее сотрудников пенитенциарной службы для подготовки в образовательных организациях других государств - участников настоящего Соглашения;

образовательная организация - образовательная организация высшего образования или организация дополнительного профессионального образования, в которой осуществляется подготовка кадров;

обучающиеся - курсанты и слушатели, осваивающие образовательные программы высшего образования или дополнительные профессиональные программы;

...