×

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2026, № 1138 "Дар хусуси Конвенсия оид ба таъсиси Ташкилоти байналмилалии медиатсия (миёнҷигарӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси Конвенсия оид ба таъсиси Ташкилоти байналмилалии медиатсия (миёнҷигарӣ)


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Конвенсия оид ба таъсиси Ташкилоти байналмилалии медиатсия (миёнҷигарӣ) маъқул дониста шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли ба имзо расонидани Конвенсияи мазкурро мувофиқа намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 феврали соли 2026, № 1138

Конвенсия дар бораи таъсиси Ташкилоти байналмилалии миёнаравӣ

Муқаддима

Кишварҳои аҳдкунандаи Конвенсияи мазкур,

бо эътирофи арзиши миёнаравӣ барои таҳкими сулҳ ва рушд, густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳо,

бо роҳнамоии мақсадҳо ва принсипҳое, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид зикр шудаанд,,

бо эътирофи зарурати чандирӣ дар ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ, бартариҳои назарраси миёнаравӣ ва истифодаи афзояндаи он дар амалия,

...

Указ Президента Республики Таджикистан

О Конвенции об учреждении Международной организации по медиации

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» п о с т а н о в л я ю:

1. Одобрить Конвенцию об учреждении Международной организации по медиации.

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящей Конвенции.

Президент
Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 февраля 2026 года №1138

Конвенция об учреждении Международной организации по медиации

Преамбула

Договаривающиеся Государства настоящей Конвенции,

признавая ценность медиации для укрепления мира и развития, продвижения дружественных отношений и сотрудничества между государствами,

руководствуясь целями и принципами, закрепленными в Уставе Организации Объединенных Наций,

признавая необходимость гибкости разрешения международных споров, значительные преимущества медиации и ее растущее использование на практике,

принимая во внимание важность для международного сообщества учреждения постоянной межправительственной организации для разрешения международных споров посредством медиации,

...