ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шахси Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шахси Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим маъқул дониста шавад.
2.Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 феврали соли 2026, № 26
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ШОҲИГАРИИ МУТТАҲИДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВА ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ ДАР ШАХСИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ, ИТТИҲОД ВА РУШД ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МАЪДАНҲОИ МУҲИМ
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушд намояндагӣ карда мешавад, минбаъд якҷо «Тарафҳо» номида мешаванд,
ҳамкориҳои дарозмуддати судманди ҳар ду Тарафро дар мадди аввал гузошта,
муҳиммияти робитаҳои таъминоти маъданҳои муҳими устувор, шаффоф ва қатъӣ барои дастгирии саноат, иҷрои уҳдадориҳои холиси сифрӣ, ҳадафҳо барои таъмини рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани гузариш ба энергияи тозаро эътироф намуда,
...