Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2026, № 22 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ маъқул дониста шавад.

2.Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо Амороти Муттаҳидаи Араб мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 феврали соли 2026, № 22
Лоиҳа

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб (минбаъд - «Тарафҳо»),

бо такя ба муносибатҳои наздики дуҷониба ва ҳамкории кунунии Тарафҳо,

бо дарки аҳаммияти рушди хизматрасониҳои давлатӣ, пешбурди иқтидори давлатӣ ва низоми арзёбии фаъолият дар вазорату идораҳои давлатӣ,

бо таъкид ба аҳаммияти муҳими пешниҳоди хизматрасонии давлатии шаффоф, самаранок ва ба шаҳрвандон нигаронидашуда барои фароҳамсозии муҳити мусоид ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Объединённых Арабских Эмиратов о сотрудничестве в сфере обмена опытом государственного управления

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Объединённых Арабских Эмиратов о сотрудничестве в сфере обмена опытом государственного управления.

2.Директору Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Объединёнными Арабскими Эмиратами дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 2 февраля 2026 года №22


...