Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 1 январи соли 2026, №АП-951

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1» январи соли 2026, №АП-951

Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд — Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун, дигар табақаҳои аҳолӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:

- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

- адабиёти классикии тоҷик;

- адабиёти муосири тоҷик;

- адабиёти ҷаҳон.

4. Довталабони номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

...
Утвержден
распоряжением Президента
Республики Таджикистан
от 1 января 2026 года №РП-951


Положение, состав комиссии, премии и список рекомендуемой литературы Республиканского конкурса «Фуруги субхи донои китоб аст» 


Прилагается на тадж.яз


...