ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025»
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 октябри соли 2025,
№ 200қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» аз 7 декабри соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024, № 12, мод. 786; с. 2025, № 2, мод. 125; № 3-4, мод. 242) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1.Қисми 3 моддаи 19 хориҷ карда шуда, қисмҳои 4-12 мувофиқан қисмҳои 3-11 ҳисобида шаванд.
2.Моддаи 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 201. Муқаррарот оид ба давраи пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус
1.Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ, ки дар моддаҳои 19 ва 20 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳар моҳ то санаи 10 баъд аз моҳи ҳисоботӣ амалӣ карда мешаванд.
2.Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани маблағи дар моддаи мазкур пешбинигардида Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ онро бо роҳи анҷом додани амалиётҳои дохилӣ ба таври худкор ба буҷет ва суратҳисоби дахлдор мегузаронанд.».
3.Дар қисми 3 моддаи 24 калимаҳои «суратҳисоби алоҳидаи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «суратҳисоби мазкури дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «суратҳисоби алоҳидаи андӯхтии буҷети давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025 № 2202
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИИ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2025 ГОД»
принят постановлением
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 15 октября 2025 года, №200Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год» от 7 декабря 2024 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2024 г., № 12, ст. 786; 2025 г., № 2, ст. 125; № 3-4, ст. 242) следующие изменения и дополнение:
1.Часть 3 статьи 19 исключить, а части 4-12 соответственно считать частями 3-11.
2.Дополнить статьёй 201 следующего содержания:
«Статья 201. Положение о периодах платежей за счет средств специального счёта
1.Обязательные платежи за счет специальных средств бюджетных организаций в республиканский и местные бюджеты, а также внесение средств на специальный счет дополнительных финансовых резервов для финансирования строительства важных государственных объектов, предусмотренных статьями 19 и 20 настоящего Закона, осуществляются ежемесячно до 10 числа месяца, следующего за отчетным.
2.В случае неуплаты в установленные сроки средств, предусмотренных настоящей статьей, Министерство финансов Республики Таджикистан и его местные органы путем проведения внутренних операций автоматически перечисляют их со специального счета бюджетных организаций и местных бюджетов на соответствующий бюджет и счет.».
3.В части 3 статьи 24 слова «отдельный расчетный счет, открытый в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан» и «данный расчетный счет в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан» заменить словами «отдельный накопительный счёт государственного бюджета в Государственном унитарном предприятии «Сберегательный банк Республики Таджикистан «Амонатбонк»».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 31 октября 2025 года № 2202