ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 октябри соли 2025,
№ 194қабул карда шудааст
бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025,
№ 123ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468; с. 2024, №1-2, мод. 20, мод. 21, №3-4, мод. 156, №5-6, мод. 263, мод. 264) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати сиву якуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« - омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия машғул мебошад;».
2. Ба қисми 5 моддаи 19 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:
«Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро гирад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2228
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ОБРАЗОВАНИИ»
Принят постановлением МН МО РТ
от 15 октября 2025 года,
№194Одобрен постановлением ММ МО РТ
от 15 декабря 2025 года, №123 Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об образовании» от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., № 7, ст. 532; 2014 г., № 3, ст. 156; № 7, ч. 2, ст. 422; 2016 г., № 3, ст. 148, № 7, ст. 624; 2017 г., № 7-9, ст. 581; 2018 г., № 5, ст. 278; 2020 г., № 12, ст. 912; 2021 г., № 12, ч. 2, ст. 706; 2022 г., № 7, ст. 447; 2023 г., № 11, ст. 468; 2024 г., № 1-2, ст. 20, ст. 21, № 3-4, ст. 156, № 5-6, ст. 263, ст. 264) следующие изменение и дополнение:
1. Абзац тридцать первый статьи 1 изложить в следующей редакции:
« - педагог – лицо, имеющее среднее и высшее профессиональное образование, занимающееся обучением и воспитанием в образовательных учреждениях;».
2. Часть 5 статьи 19 дополнить вторым предложением следующего содержания:
«Педагог имеет право на получение бесплатного второго высшего образования педагогического направления в государственных образовательных учреждениях высшего профессионального образования.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 17 декабря 2025 года №2228